Сентябр 16, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти Шӯрои сарони СПАД дар Душанбе

Нишасти Шӯрои сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз Форс, дар ин нишаст ратсони ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Беларус ва нахуствазири Арманистон ҳузур доранд, раисиҷумҳури Русия низ ба сӯрати маҷозӣ дар ин ҷаласа ширкат кардааст.

Бино бар эъломи Владимир Зайниддинов, сухангӯи Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, дар нишасти имрӯз, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, вазъияти Афғонистон ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узви созмон, аз мавзуоти аслӣ хоҳад буд.

Қарор аст, дар ин нишаст аз фаъолиятҳои ин созмон тайи як соли гузашта, натиҷагирӣ шуда ва чандин санади ҳамкорӣ ва ҳамчунин баёнияи муштараки сарон дар мавриди вазъияти Афғонистон ба тасвиб бирасад.

Бо тавваҷӯҳ ба интиқоли раёсати давраии Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба Арманистон,  Никол Пашинян, нахуствазири ин кишвар авлавиятҳои Ереван барои як давраи ҷадиди як соларо эълом хоҳад кард.

Рӯзи гузашта низ дар пойтахти Тоҷикистон нишасти муштараки Шӯрои вазирони умури хориҷа, дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узв баргузор шуд, ки дар он 20 санад ва 5 баёнияи муштарак дар робита бо мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ имзо шуд.

 

Барчасп