Биҳишти меваҳо. Зиёфати ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон барои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД
(last modified 2021-09-17T14:43:09+00:00 )
Сентябр 17, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Биҳишти меваҳо. Зиёфати ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон барои сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД

Меҳмонони воломақом бо меваю сабзавоти хушсифати тару тоза ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба "Азия Плюс"сентябр дар бӯстонсарои ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳои аъзои СААД ва СҲШ, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон - сарони кишварҳои Беларус - Александр Лукашенко, Ӯзбекистон -  Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон -  Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон - Садир Жапаров ва сарвазирони Арманистон -  Никол Пашиня ва Покистон - Имрон Хон, инчунин дигар меҳмонон дар бӯстонсаройи ҳукумати Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.
“Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд, - менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат. - Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд”.

Барчасп