Ҳамкории роҳбурдии Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон
(last modified Tue, 21 Sep 2021 03:55:08 GMT )
Сентябр 21, 2021 08:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории роҳбурдии Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон

Бонки Рушди Осиё барномаи ҳамкории роҳбурдӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард.

Ба гузориши ТоҷВик, дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Душанбе аз тасвиби барномаи ҳамкории роҳбурдӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2025 хабар дод.

Ҳадаф аз ин барнома беҳбуди кайфияти рушди иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши тавлиди маҳсулоти дохилӣ ва иртиқои сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар эълом шудааст.

Ҳамчунин кумак ба Тоҷикистон барои хуруҷ аз буҳрони ношӣ аз густариши бемории Ковид – 19, анҷоми ислоҳот дар сохтори иқтисодии ин кишвар ба манзури ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва мусоидат ба рушди бахшҳои омӯзиш ва парвариш, беҳдошт ва дармон аз дигар аҳдофи ин барнома аст.

БРО бузургтарин ниҳоди кумаккунандаи молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст, ки аз соли 1998 то кунун 2 миллиарду 200 миллион доллар вом ба Тоҷикистон пардохт карда, ки 1 миллиарду 700и миллион доллари он ройгон будааст.

 

Бештар бихонед: