Ноябр 02, 2021 09:59 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи 46 дарсади мардуми Тоҷикистон алайҳи бемории корона

46 дарсад аз сокинони Тоҷикистон воксани корона тазриқ карданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 2 ноябри соли ҷорӣ ба 46 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, то ин муддат 2 миллиону 670 ҳазор нафар дар Тоҷикистон воксани корона тазриқ кардаанд.

Аз ин теъдод 2 миллиону 140 ҳазору 688 нафар дозаи дувуми воксани коронаро тазриқ кардаанд.

Дар Тоҷикистон воксанҳои «Спутник V», «CoronaVac», «AstraZeneca» ва «Moderna Pfizer» тазриқ мешавад.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп