Тоҷикистон мизбони размоиши нерӯҳои вижаи СПАД
(last modified Wed, 17 Nov 2021 05:46:49 GMT )
Ноябр 17, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони размоиши нерӯҳои вижаи СПАД

Минтақаи низомии марказии Русия эълом кард, размоиши нерӯҳои вижаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бо унвони «Кобалт - 2021» ، дар хоки Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар яке аз майдонҳои тамриноти низомии артиши Тоҷикистон, воқеъ дар вилояти Хатлон, размоиши нерӯҳои вижаи СПАД баргузор мешавад.

Размоиши мазкур 17 то 19 ноябр дар минтақаи низомии Фахрободи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин размоиш аз тарафи Русия дар маҷмуъ ҳудуди 60 воҳиди низомӣ ва 10 воҳид таҷиҳзоти низомӣ, аз ҷумла ду болгарди МИ – 8 - и пойгоҳи низомии 201-и Русия ширкат мекунанд.

Дар размоиши «Кобалт – 2021» илова бар Русия, ҳамчунин нерӯҳои вижа, ниҳодҳои кишвар, амният, вазоратхонаҳо ва идороти шароити изтирорӣ ва кантроли маводи мухаддири нерӯҳои зудамали кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш, афзоиши суръат, омодагӣ ва иҷрои иқдомоти муштарак ва амалиётӣ – размӣ дар манотиқи амнияти ҷамъӣ эълом шудааст.

Пойгоҳи низомии 201 –и Русия дар Тоҷикистон мустақар аст ва бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар маҳсуб мешавад.