Мизони болотарин ва поинтарин ҳуқуқу дастмузд дар Тоҷикистон эълом шуд
Оҷонсии давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар, мизони болотарин ва поинтарин ҳуқуқу дастмуздро эълом кард.
Ба гузориши сомонаи Оҷонсии давлатии омори Тоҷикистон, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ болотарин мизони ҳуқуқ ва дастмузди моҳиёна ба кормандони бонкҳо ва поинтарин он ба кишоварзон пардохт шудааст.
Тайи ҳафтмоҳи соли ҷорӣ, кормандони бонкҳо ва ниҳодҳои молӣ бо 4 ҳазору 664 сомонӣ болотарин ҳуқуқи моҳиёнаро дарёфт мекунанд.
Аммо кишоварзон, муҳитбонон ва коргарони бахши првариши моҳӣ, моҳона 669 сомонӣ ҳуқуқ дарёфт мекунанд, ки поинтарин мизони ҳуқуқ ва дастмузд дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
Ҳуқуқи моҳиёнаи коргарони бахши маъдан 2 ҳазору 900 сомонӣ, сохтумонсозӣ 2 ҳазору 500 сомонӣ ва энержӣ ва об 2 ҳазору 800 сомониро ташкил мекунад.
Бар асоси ин гузориш, мутавассити ҳуқуқи моҳиёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 541 сомонӣ мебошад.