Азизи "Хонасоз" ба 30 сол ва шариконаш ба 19 то 28 сол зиндон маҳкум шуданд
(last modified Tue, 30 Nov 2021 10:35:26 GMT )
Ноябр 30, 2021 15:35 Asia/Dushanbe
  • Азизи

Додгоҳи олии Тоҷикистон гуруҳи 6 нафараи қочоқчиёни маводи мухаддирро, ки ба саркардагии Азизи "Хонасоз", мудири як ширкати хонасозӣ фаъолият мекард, ба муддатҳои тулонӣ равонаи зиндон кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, Азизи "Хонасоз" ба иттиҳоми қочоқи 500 килограм маводи мухаддир ба 30 сол зиндон маҳкум шуд ва 5 шарики вай ҳар яке аз онҳо 19 то 28 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Мақомоти полиси шаҳри Душанбе мегӯянд, ин гурӯҳ чанд соле аст, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ қочоқ мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти полиси Тоҷикистон, ҳангоми дастгирӣ аз ин афрод 79 килограм героин, 169 килограм афюн ва 225 килограм кукнор дарёфт шудааст, арзиши ин миқдор маводи мухаддир 6 миллион долар эълом шуд.

Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ 6 мошин ба қимати 1 миллиону 784 ҳазор сомонӣ, хона, бустонсаро ва амволи ин гурӯҳ ба арзиши молии 50 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат мусодира шудааст.

Барчасп