Декабр 04, 2021 13:30 Asia/Dushanbe
  • Дархости муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон

Муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон хост, ҳарчӣ зудтар ба шабакаи ягона барқии Осиёи Марказӣ бипайвандад.

Ба гузориши хабаргузори РИА Новости, Александр Новак дар дувумин ҳамоиши кангресси энергетикаи Авруосиё дар Маскав гуфт, ки барои поён додан ба буҳрони камбуди барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар дубора ба шакаи воҳиди барқи минтақа бипайвандад.

Вай таъкид кард, ки Русия омодааст дар тарҳҳои энергетии Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ намояд.

Шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ба далили хуруҷи Туркманистон ва канор гузошта шудани Тоҷикистон танҳо миёни Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фаъол аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон борҳо эълом карданд, ки дар сурати фароҳам шудани манобеъи молӣ омодаи пайвастан ба шабака мебошанд.

Зеро ин шабака метавонад дар фаслҳои тобистон ва зимистон камбуди барқ, дар кишварҳоро ҷуброн намояд.

Барчасп