Баргузории ҷаласаи баррасии ҷазби сармоягузор барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе
(last modified 2021-12-08T11:00:03+00:00 )
Декабр 08, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи баррасии ҷазби сармоягузор барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе

Роҳҳои ҷазби сармоягузори хориҷӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин нишаст намояндагони 30 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ дидгоҳи худро дар бораи роҳҳои ҷазби манобеи молӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон баён карданд.

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, 80 дарсади барқи Осиёи Марказӣ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад, ки барои муҳити зист муносиб нест.

Вай афзуд, аммо дар Тоҷикистон 90 дарсади барқи мавриди ниёзи кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

Дар ин нишаст муовини мудири Бонки Ҷаҳонӣ, муовини мудири Бонки сармоягузории зерсохти Осиё, мудири кулли Сандуқи Кувайт дар умури тавсеаи иқтисодии кишварҳои арабӣ, муовини умури байналмилалии раиси Иттиҳоди Аврупо, намояндагони Бонки Рушди Исломӣ ва Бонки таҷдид ва бозсозии Аврупо бар зарурати кумак ба сохти нерӯгоҳи Роғун ба унвони маркази тавлиди энержии поки барқи обӣ таъкид карданд.

 

 

 

Барчасп