Декабр 10, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо вазири умури хонавода ва хадамоти иҷтимоии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири кор бо оила ва хизматрасонии иҷтимоии Туркия Деря Яник дар Анқара мулоқот кард.

Дар ин дидор масъалаҳои мубодилаи дониш, таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳоли мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти оиларо дар ҷомеа зикр  карданд.

Ашрафҷон Гулов дар ин мулоқот гуфт: «Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд».

Тарафайн ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва иҷрои бандҳои мухталифи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъсис намудани гурӯҳи кориро ҳамоҳанг намуданд.

 

Барчасп