Декабр 11, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани корона ба ҳудуди 55 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 10 декабри ҷорӣ ба 3 миллиону 222 ҳазору 924 шаҳрванди болои 18 соли ин кишва воксани корона тазриқ шудааст.

Ба гузориши вазорати тандурустии Тоҷикистон, бино бар омори вазорати беҳдошти Тоҷикистон, 3 миллиону 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) бар зидди коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 677 ҳазору 138 нафар (45,9%)  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Тибқи тасмими Ситоди марказии ҷилавгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон ваксинатсия барои шаҳрвандони 18 сол ба боло дар ин кишвар иҷборист.

Дар чорчӯби барномаи “Квокс” 5 миллион доз воксани корона ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Аз рӯҳои аввали сабти аввалин мавориди ибтило ба корона то 20 ноябр 17 ҳазору 95 нафар дар кишвар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки аз ин миён 16 ҳазору 966 тан беҳбӯд ёфтанд.

Теъдоди ҷонбохтагон бар асари бемории корона дар Тоҷикистон 124 нафар эълом шудааст.

 

 

Барчасп