Ширкати ҳавопаймоии Русия парвоз ба 4 шаҳри Тоҷикистонро оғоз кард
Ширкати ҳавопаймоии “Nordwind”-и Русия аз оғози парвозҳои муназзам ба 4 шаҳри Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Спутник, парвозҳои нав аз Фурудгоҳи байналмилалии Колтсово ба Душанбе ва ба се шаҳри дигари Тоҷикистон дар шимолу ҷануби ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.
Мақомоти ин ширкат эълом карданд, ки қимати билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир дар масир рафт аз Екатеринбург ба шаҳри Бохтар 1 ҳазору 55 сомонӣ ва баргашт 2 ҳазору 298 сомонӣ мебошад.
Илова бар ин, аз Екатеринбург парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ба Хуҷанд ва Кӯлоб низ кушода шудаанд.
Тавре интизор мерафт, аз ҳамаи парвозҳои воридшаванда ба Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки шаҳодатномаи санҷиши коронавирус бо натиҷаи манфӣ пешниҳод кунанд.
Он бояд на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шавад. Ба кӯдакони то се сола барои парвоз шаҳодатнома лозим нест.