Эъломи натиҷаҳои таҳқиқоти додситонии Бадахшон
Пас аз баррасии додситонии Бадахшон 13 парвандаи ҷиноӣ алайҳи муътаризон ташкил шуд .
Бархилофи тавофуқи мақомоти амниятӣ ва интизомӣ бо муътаризони шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон дар бораи пайгирӣ накардани ҷиноии муътаризон, алайҳи 13 нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил ва 66 тан низ мамнуъулхурӯҷ шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, манобеи хабарии додситонии вилояти Бадахшон бо таъйиди ин иқдом аз додани тавзеҳи бештар худдорӣ кардаанд.
Намояндагони ҷомеъаи мадании узви гуруҳи таҳқиқоти муштараки ҳаводиси 25 то 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ гуфтанд аз ин афрод тааҳҳудномаи катбӣ гирифта шудааст, ки ҳаққи хуруҷ аз вилояти Бадахшонро надоранд .
Аз ин рӯ намояндагони ҷомеъаи мадании Бадахшон хостори ихтисоси 30 дақиқа муҳлат барои тавзеҳи мавозеъи хеш дар телевизиюни вилояти Бадахшон шуданд, аммо то кунун мақомоти маҳаллӣ ба ин дархост посух надоданд .
Мақомоти амниятӣ далели таҳти таъқиб будани Гулбиддин Зиёбеков-сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро, ки муҷиби кушта шудани вай ва эътирозоти густардаи мардум шуд, даст задан ба ҷурмҳое ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики хусумати иҷтимоӣ ва нажодӣ эълом мекунанд .
Аммо муътаризон кушта шудани вай ва ду нафари дигар дар майдони шаҳри Хоруғро барқасдона медонанд .
Дар ин нооромиҳо 15 тан аз муътаризон ва 12 корманди амниятӣ низ захмӣ шудаанд .