Эмомалӣ Раҳмон аз ҳузури 6 ҳазор ҷангҷӯи мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод
(last modified 2022-01-11T07:02:38+00:00 )
Январ 11, 2022 12:02 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон аз ҳузури 6 ҳазор ҷангҷӯи мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳузури 6 ҳазор ҷангҷӯи мусаллаҳ ва 40 маркази омӯзишии гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд ва ба баррасии авзоъи Қазоқистон ихтисос дошт, аз таҳдиди гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон ба авзоъи минтақа ибрози нигаронӣ кард.

Вай бар зарурати андешидан тадбирҳои ҷиддӣ барои ҳифозат аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи кишварҳои узви СПАД низ маҳсӯб мешавад, таъкид кард.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз густариши ноамниҳо аз Афғонистон ба дигар кишварҳои минтақа бояд як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон эҷод шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп