Таъсири маҳдудияти содироти сухт аз Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон
Вазорати энергетикаи Қазоқистон аз маҳдудияти содироти сухт ба хориҷ хабар дод, ки метавонад бозори Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор диҳад
Ба гузориши сомонаи Спутник, Булот Оқочулотов, вазири энергетикаи Қазоқистон гуфта аст, ки ба далили арзон будани нархи сухт дар ин кишвар дар муқоиса бо дигар аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, тадобири назорат бар содирот ба хориҷ ташдид хоҳад шуд.
Дар чорчуби ин барнома маҳдуд кардани мошинҳои транзитӣ, коҳиши содироти сухт тавасути роҳи оҳан, афзоиши боҷи гумрукӣ ва пешгирӣ аз қочоқи сухт ба дигар кишварҳои минтақа дар назар мебошад.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон аз Қазоқистон сухти зиёд ворид мекунад ва ин барнома метавонад заминаи афзоиши қимати анвоъи сухт дар ин кишварро дар паӣ дошта бошад.
Аз сӯи дигар акнун қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 дирам то 11 сомониву 80 дирам, солярка аз 11 сомониву 40 дирам то 11 сомониву 70 дирам ва қимати газ ба 7 сомониву 80 дигар расида аст, ки дар муқоиса бо 10 рӯзи қабл 30 то 50 дирам афзоиш ёфт, ки дар таърихи 30 солаи истиқлоли ин кишвар бесобиқа мебошад.
- Бештар бихонед:
- Қазоқистон содироти сӯхтро мамнуъ кард
- Эъломи таърихи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон
- Низомиёни Тоҷикистон аз Қазоқистон ба кишварашон баргаштанд
- Истиқрори неруҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон дар бахше аз таъсисоти муҳими Қазоқистон