Январ 22, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 2 миллион доллар барои ҳимоят аз барномаи ғизои мактабҳо дар Тоҷикистон

Русия 2 миллион доллар барои ҳимоят аз барномаи тағзияи мактабҳо дар Тоҷикистон ихтисос медиҳад.

Ба гузориши хабаргузори Ховар, ин маблағ барои хариди маҳсулоти бо кайфият ва пухти хуроки донишомӯзони 2000 мактаби Тоҷикистон ҳазина мешавад.

Ин мавзуъ дар ҷаласаи матбуъотӣ бо ҳузури Муҳаммадюсуф Имомозода, вазири маъорифи Тоҷикистон, Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон ва Адҳами Мусаллам, мудиири кулли барномаи ҷаҳонии ғазоӣ Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.

  • Вазири маъорифи Тоҷикистон хотирнишон кард, ки барномаи тағзияи мактабҳо дар Тоҷикистон дар соли 1999 оғоз шуд ва дар ибтидо ҳудуди 5000 ҳазор донишомӯзро дар 33 мактаб таҳти пушиш қарор дод.
  • Вай афзуд: То кунун 50 дарсади мактабҳои рустои аз 52 шаҳр ва минтақаи кишвар дар тарҳи тағзияи мактабҳо ширкат мекунанд.

Барномаи ҷаҳонии ғазоии Созмони Миллали Муттаҳид барои ҳимоят аз барномаи тағзияи мактабҳо без аз 50 дарсад донишомӯзи давраҳои аввал то чаҳорум дар тамоми мактабҳои кишвар иҷро мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп