Январ 29, 2022 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон паноҳҷӯи дигари Афғонистон ба Тоҷикистон мераванд

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сурати бадтар шудани вазъияти Афғонистон, мумкин аст 11 то 12 ҳазор нафари дигар то поёни соли 2022 ба Тоҷикистон фирор кунанд.

Игро Лякин-Фролов, сафири Русия дар шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъа гуфт, ки паноҳҷӯёни бештаре мумкин аст аз Афғонистон ба Тоҷикистон биёянд.

Ӯ гуфт, ки сервисҳои амниятии вижаи Тоҷикистону Русия барои шиносоии шибҳи низомиён дар миёни паноҳҷӯён талош мекунанд.

Вай гуфт: «Дар сурати вахомати бештари вазъият дар Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир бо як буҳрони амиқи иҷтимоӣ - иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, мумкин аст мавҷи ҷадиде аз паноҳҷӯён ба Тоҷикистон бияёд. Мақомоти Тоҷикистон ба ҳамроҳи шарикони байналмилалӣ ба раҳбарии дафтари Комиссориёии олии Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри паноҳандагон, дар ҳоли тавсеаи тарҳҳои вокуниши муносиб ҳастанд.»

Ин дипломат гуфт, бар асоси чашмандоз онҳо, дар сӯрати бадтар шудани вазъият дар Афғонистон, мумкин аст 11 то 12 ҳазор нафари дигар аз мардуми ин кишвар то поёни соли 2022 ба Тоҷикистон фирор кунанд.

Сафир гуфт: «Мо умедворем Душанбе битавонад аз ҳуҷуми густурдаи ҷадиди паноҳҷӯён ҷилавгирӣ кунад, ки мусталзими ҳазинаҳои молии ҷиддӣ ва кори созмонии зиёде барои пазириш, баррасӣ ва сукунати онҳо аст. Илова бар ин, ҳамеша ин хатар вуҷӯд дорад, ки шибҳи низомиён ва радиколҳои билқувва ба паноҳандагони сулҳҷӯ нуфӯз кунанд.»

Ӯ гуфт: «Албатта раҳбарии Тоҷикистон инро ба хубӣ дарк мекунад. Бинобар ин,  мақомоти зисалоҳи Тоҷикистон дар ҳоли анҷоми корҳои иттилоотии муназзам дар ин замина, аз ҷумла бо ҳамкории идороти марбутаи Русия ҳастанд.»

Пас аз онки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико поёни амалиёти низомии Вашингтон дар Афғонистонро эълом кард, Толибон бидуни мувоҷеҳа бо ҳеҷ муқовимате Кобулро тасарруф карданд.

Ба гуфтаи вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин кишвар дар 15 соли гузашта беш аз 3000 хонаводаи паноҳҷӯи афғонро сабт кардааст, ки теъдоди онҳо дар маҷмуъ 15000 нафар аст. Тоҷикистон бо 1344 километр тулонитарин марз бо Афғонистон дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп