Таҳдиди мудири идораи маорифи вилояти Бадахшон
Мудири идораи маорифи вилояти Бадахшон муддаӣ аст, ки аз тарафи яке аз чеҳраҳои саршиноси гуруҳҳои мухолиф дар вилояти Бадахшон таҳдид шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Лутфуллоҳ Назаров гуфт, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ӯро таҳдид кардааст ва ӯ хостааст, ки аз симати мудирияти идораи маорифи вилояти Бадахшон истеъфо кунад.
Аммо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров бо радди ин иттиҳом эълом кард, пас аз таъйини Лутфуллоҳ Назаров ба симати мудири идораи маорифи вилояти Бадахшон, ин фард тайи суханоне дар телевизиони минтақа муътаризон ба қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаро, ки дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҷаммуъ карда буданд, террорист хитоб кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти қазоии вилояти Бадахшон дар бораи шикояти мудири идораи маориф алайҳи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ҳанӯз ибрози назар накардаанд.