“Камарбанд ва роҳ” ва эҳёи “Шоҳроҳи Абрешим” меҳвари дидори вазирони хориҷаи Чин ва Туркманистон
(last modified 2022-02-07T07:21:36+00:00 )
Феврал 07, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
  • “Камарбанд ва роҳ” ва эҳёи “Шоҳроҳи Абрешим” меҳвари дидори вазирони хориҷаи Чин ва Туркманистон

Вазирони хориҷаи Чин ва Туркманистон бо якдигар дидор карданд.

Вазирони хориҷаи Чин ва Туркманистон бо якдигар дидор ва дар мавриди ду пружаи “Камарбанд ва роҳ” - и Чин ва ибтикори эҳёи “Шоҳроҳи Абрешим” –и Туркманистон ва низ равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Рашид Муродов, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Туркманистон дар сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Чин ба манзури ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии зимистонӣ бо Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин дидору гуфтугӯ кард.

Муродов дар ин дидор оғози ҷашнвораи суннатии Баҳор ва ифтитоҳияи бузурги бозиҳои олимпии зимистонӣ дар Пекинро ба мардуми Чин табрик гуфт.

Дар ин дидор масъалаи Афғонистон ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа мавзуи аслӣ буд ва хотирнишон шуд, ки сеюмин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шавад.