Феврал 10, 2022 12:40 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Маҷлиси Тоҷикистон ба Қолибоф

Раиси Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме фаро расидани рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Хонаи миллат, Муҳаммадтоҳири Зокирзода раиси маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме фарорасидани рӯзи миллии Эронро ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ табрик гуфт.

Матни паём ба шарҳи зер аст:

  • Ҷаноби оқои Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси муҳтарами Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон. Олиҷаноб бо камоли хушнуди фарорасидани рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ҷаноби олӣ ва мардуми кишвари дӯст самимона таҳният арз менамоем.
  • Бо этминон изҳор медорам, ки дар партави арзишҳои дӯстӣ ва бародарӣ ва муштаракоти таърихии мардумон ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистон ва Эрон, муносиботи байни парлумонии ду кишвар пайваста рушд ва тавсеа ёфта ва заминасози ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда, тавсиаи бештар пайдо хоҳад кард ва сабаби густариши беш аз пеши ҳамгароиҳо дар ҳавзаи қонунгузории ҳарду тараф бо дастовардҳои эътимодбахш хоҳад шуд.
  • Барои ҷаноби олӣ саломатӣ ва саъодати рӯзгор ва барои кишвари бародари Эрон пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром Муҳаммадтоҳир Зокирзода

Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Барчасп