Феврал 10, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо маъофияти гумрукӣ ва молиётии воридоти маводи ғизоӣ ва сӯхт

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо лоиҳаи маъофияти гумрукӣ ва молиёти сӯхт, маводи ғизоӣ ва нуриҳои минерали мувофиқат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Карим Гулмуродзода муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди ин лоиҳа ба Парлумон гуфт ба далели ниёзи кишвар ба сӯхт, маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ зарурати додани маъофият барои ворид кунандагони ин ақлом вуҷуд дорад.

Вай таъкид кард феҳрасти ширкатҳои воридкунандаи сӯхт, маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ, ки аз пардохти аворизи гумрукӣ, молиёт бар арзиши афзуда ва молиёти ғайри мустақим маъоф мешаванд, пешниҳод хоҳад шуд.

Гулмуродзода муътақид аст воридоти ин ақлом сабаби афзоиши захоири давлатӣ ва коҳиши қиматҳо дар бозори масрафии Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Барчасп