Феврал 10, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики вазири хориҷаи Тоҷикистон ба муносибати солгарди пирӯзии инқлоби исломӣ
    Паёми табрики вазири хориҷаи Тоҷикистон ба муносибати солгарди пирӯзии инқлоби исломӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эронии худ, фаро расидани чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёми табрик ба муносибати фаро расидани чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Итминон дорам, ки дар партави арзишҳои дустӣ ва бародарӣ, муштаракоти таърихӣ ва тамадунии мардумони ҳамзабони ду кишвар равобити ду кишвар густариш меёбад.

Дар ҳамин ҳол пештар Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрик ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар густариши ҳарчи бештари равобити дуҷониба байни ду кишвар таъкид кард.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода бо итминон изҳор дошт, дар партави арзишҳои дустӣ ва бародарӣ ва муштаракоти таърихии мардумони ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистон ва Эрон, муносибати байнипарлумонии ду кишвар пайваста тавсеа ёфта ва заминасози ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда тавсеаи бештар пайдо хоҳад кард ва сабаби густариши беш аз пеши ҳамкориҳо дар ҳавзаи қонунгузории ҳар ду тараф бо дастовардҳои эътимодбахш хоҳад шуд.

Инқилоби исломии Эрон 11феврали 1979 (22 баҳмани 1357) ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

 

Барчасп