Набуди таҷҳизоти ташхиси навъи Омикрони вуруси корона дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 11 Feb 2022 17:13:07 GMT )
Феврал 11, 2022 22:13 Asia/Dushanbe
  • Набуди таҷҳизоти ташхиси навъи Омикрони вуруси корона дар Тоҷикистон

Вазири тандурустии Тоҷикистон аз набуди дастгоҳи ташхиси навъи Омикрони вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ба ин далел дар бораи вуҷуди навъи Омикрони вируси корона дар Тоҷикистон наметавон назари қатъӣ дод.

Ӯ таъкид кард, бо шарикони рушди Тоҷикистон дар заминаи ворид кардани таҷҳизоти ташхиси навъи Омикрон тавофуқ шуда ва ин дастгоҳҳо дар нимаи нахусти соли ҷорӣ ба бемористонҳои кишвар мунтақил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон то ба имрӯз дар кишвар 85 дарсади афроди болои 18 сол дозаи нахуст, 72 дарсад дозаи дувум ва 80 ҳазор нафар дозаи сеюми воксани корона дарёфта кардаанд.

Бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистони 17 ҳазору 361 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки 17 ҳазору 213 тан аз онон беҳбуд ёфтаанд.

Теъдоди фавтиҳои ин беморӣ чанд моҳе аст, ки бидуни тағйир ҳамон 124 нафар мебошад.