Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор доза воксани корона аз Ҷопон дарёфт кард
Сафорати Ҷопон дар Душанбе эълом кард, беш аз 500 ҳазор доза воксани “Астра Зенека” дар чорчӯби барномаи КоВакс ба Тоҷикистон таҳвил додааст.
То кунун теъдоди воксанҳои таҳвилдодашуда ба Тоҷикистон аз сӯи КоВакс ва ҳамчунин воксанҳое, ки дар чаҳорчӯби кумакҳои башардӯстона дарёфт кардааст, беш аз 11 миллиону 700 ҳазор доза эълом шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҷопон дар чорчӯби барномаи КоВакс беш аз ним миллион доза воксани “Астра Зенека” дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дод.
Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки воксани коронаро аз давлати Ҷопон дарёфт кард. Давлати Ҷопон ба манзури мубориза бо корона ба Тоҷикистон тақрибан 8 миллион доллар кумаки башардӯстона кардааст.
Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, воксанҳои дарёфтии ин кишвар дар тарҳи КоВакс аз навъи “Астра Зенека”, “КоронаВак”, “Модерно”, “Спутник” ва “Файзер” будаанд.
Бар асоси эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз ибтидои густариши корона дар ин кишвар бо ҷамъияти ҳудуди 9 миллиону 500 ҳазор нафар, 17 ҳазору 369 нафар мубтало ва 124 нафари ҷон бохтаанд.