Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия
(last modified Sat, 26 Feb 2022 04:53:42 GMT )
Феврал 26, 2022 09:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия, равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишварро мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар ин дидор роҷеъ ба сатҳи феълии равобити Тоҷикистону Русия ва дурнамои ҳамкориҳои порлумонӣ, нақши ҳамоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон дар густариши равобити дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.

Матвиенко дар ин дидор, мавзеи кишвараш дар қиболи буҳрони Украинаро тавзеҳ дод.

Вай ҳамчунин дар бораи афзоиши теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, эъзоми муаллимони забони рӯсӣ ба Тоҷикистон ба манзурии фаъолият дар мадориси ҷадиде, ки аз сӯи Русия дар ҳоли сохт аст, хабар дод.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.