Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Тоҷикистон
Дуюмин гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Душанбе мунтақил шуданд.
Дуюмин гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки теъдоди онон 117 нафар эълом шуда ва бо хурӯҷ аз Украина дар Лаҳистон мустақар буданд аз тариқи парвози вижа ба Душанбе бозгаштанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, то 12 марти соли ҷорӣ 303 шаҳрванди тоҷик дар пайи хурӯҷ аз Украина ба кишварашон мунтақил шуданд .
Бинобар гузориши сафорати Тоҷикистон дар Олмон барои шаҳрвандони ин кишвар ки ҳуҷҷатҳои шиносоӣ надоштанд, дар фурудгоҳи Варшава гувоҳии бозгашт ба Душанбе содир шуд .
Гуфта мешавад ҳудуди 1500 шаҳрванди Тоҷикистон то кунун аз Украина хориҷ шуданд ва дар Лаҳистон ба сар мебаранд .