Таъкиди Тоҷикистон бар тақвияти нақшии Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳони Ислом
(last modified Thu, 24 Mar 2022 15:07:51 GMT )
Март 24, 2022 20:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон бар тақвияти нақшии Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳони Ислом
    Таъкиди Тоҷикистон бар тақвияти нақшии Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳони Ислом

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бар тақвияти ҳамкориҳои исломӣ дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳони Ислом таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар чиҳилуҳаштумин иҷолси шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Исломобод пойтахти Покистон ширкат ва суханронӣ кард.

Вай дар суханоне бар зарурияти ташдиди нақши Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва тақвияти гуфтугӯ байни кишварҳои узви он барои ҳаллу фасли масоили муҳими кишварҳои мусалмоннишин таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар бахши дигар ҳамчунин бар лузуми тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза боа терроризм, таҳдидот ва чолишҳои ҷаҳони муъосир таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон перомуни Афғонистон ва бо ишора ба таъсири он бар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кард шарти аслии ҷомеъаи ҷаҳонӣ, яъне ташкили ҳукумати фарогир бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ ҳануз тавассути Толибон муҳаққақ нашуда аст.

Вай дар поёни суханронии худ аз намояндагони олирутбаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ даъват кард то дар дуввумин конфронси байналмиллалӣ сатҳи олии даҳаи байналмиллалии иқдоми »Об барои тавсеяи пойдор, 2018-2028«, ки дар рӯзҳои 6 то 9 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад мушорикати фаъол дошта бошанд.

 

Барчасп