Монеъи нав барои аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон чист?
-
Монеъи нав барои аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон чист?
Намояндаи собиқи парлумони Тоҷикистон ва узви гурӯҳи муштаркаи аломатгузорӣ ин кишвар бо Қирғизистон, монеъи нав барои таъини ниҳоии хатҳои марзиро мавзеъи ғайри усулии тарафи қирғиз унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Нашрияи Тоҷикистон, Ҷумъабой Сангинов гуфта аст, ки тарафи Тоҷикистон ҳамвора дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон нақшаҳои ҷуғрофиёии соли 1924 даврони шуравиро асос медонанд, ки кишвари ҳамсоя бо ин санадҳо мухолиф аст.
Имрӯз ҷониби Қирғизистон бахше аз заминҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Исфараро, ки дар даврони ҳукумати Шуравӣ ба унвони иҷора ба кишвари ҳамсоя вогузор шуда буд, дар моликияти худ медонад, ки ин мавзуъ сабаби печидагии гуфтугӯҳо шуда аст.
Тоҷикистон низ наметавонад аз ҳаққи қонунии худ дар моликияти ин заминҳо бигзарад.
То ба имрӯз танҳо барсари аломатгузории 520 километр аз марзӣ 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ шуда аст ва ихтилоф бар сари минтақаҳои боқимонда ҳамчунон побарҷо аст, ки ин амр сабаби оғози даргириҳо миёни сокинони деҳаҳои марзии ду кишвар мешавад.
Бештар бихонед:
- Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии даргирии марзии ахир
- Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтилофоти марзиро бедуни мудохилаи ҷониби севвум ҳал мекунанд