Боздошти мудири собқи ҷамъияти “Матлубот”- и Кӯлоб ба иттиҳоми дарёфти ришва
Кормандони Оҷонсии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мудири собиқи ҷамъияти “Матлубот”-и Кӯлобро ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи Маркази матбуоти Оҷонсӣ, хонум Меҳринисо Раҳимова аз як сокини шаҳри Кӯлоб барои вогузории як мағоза, дархости 27 ҳазор сомонӣ ришва карда ва 10 ҳазор сомонии онро гирифтааст.
Вай ҳангоми дарёфти 17 ҳазор сомонии боқимонда боздошт шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон эълом карданд, ки тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар 21 мавриди марбӯт ба дарёфти ришваро ифшо кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл 8 маврид бештар будааст.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон, додгоҳҳои ин кишвар метавонанд то 12 сол зиндон барои дарёфткунандаи ришва ва 10 сол зиндон барои ришвадиҳанда ҳукми маҳкӯмият содир кунанд.
Бештар бихонед:
- Боздошти корманди Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфт ришва
- Боздошти муовини раиси яке аз донишкадаҳои шаҳри Душанбе ба далели дарёфти ришва