2 апрел; оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i83338-2_апрел_оғози_моҳи_мубораки_Рамазон_дар_Тоҷикистон
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, 2 апрели соли ҷориро оғози моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 29, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • 2 апрел; оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, 2 апрели соли ҷориро оғози моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши сомонаи pressa.tj, чанд лаҳза пеш дар ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон маълум шуд.

Ба иттилои Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар кишвар моҳи шарифи Рамазон рӯзи 2-юми апрел оғоз меёбад.

Ҳамин тавр, фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро) муайян шудааст.

Инчунин, нисоби закот 35 000 сомонӣ гуфта шуд, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ бошад, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян шудааст.

Бештар бихонед: