Дастгирии 25 табааи Тоҷикистон дар қолаби гурӯҳи Ансоруллоҳ
Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, 25 нафар аз 27 узви Созмони ифротии Ансоруллоҳ, ки рӯзи гузашта дар ин кишвар боздошт шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Ба иттилои сайти Еврору, бино бар эъломи мақомоти амниятии Русия аз 27 нафаре, ки ахиран дар шаҳри Брезники вилояти Преми Русия ба иттиҳоми узвият дар Созмони ифротии Ансоруллоҳ боздошт шудаанд, 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Тибқи эъломи Дафтари матбуотии сервиси амнияти федерали Русия, Кремлин афроди боздоштшударо батаври расмӣ ба мақомоти Тоҷикистон таслим нахоҳад кард, балки танҳо онҳоро аз қаламрави худ ихроҷ мекунад.
Ин манбаъ афзуд: 2 нафари дигар, ки ҳамроҳ бо ин афрод боздошт шудаанд, шаҳрванди Русия ҳастанд, ки фақат бадалели муқовимат дар баробари полис ҷарима ва дар ниҳоят озод шуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба инки фаъолияти Ансоруллоҳ дар Русия батаври расмӣ мамнуъ нашудааст, мақомоти амниятии ин кишвар натавонистанд барои ин афрод парвандаи террористӣ ташкил диҳанд.
Дафтари матбуотии сервиси федерали амнияти Русия тасреҳ кард: Бо ин ҳол ниҳодҳои амниятии ин кишвар ҳамвора созмонҳоеро, ки дар заминаи ҷалб ва истихдоми афрод дар гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият мекунанд, зери назар дорад.
Полиси вилояти Преми Русия рӯзи 21-и ноябр эълом кард, ки 27 табааи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Брезники ин вилоят ба иттиҳоми пайравӣ аз ақоиди Созмони ифротии Ансоруллоҳ боздошт шудаанд.
Ансоруллоҳ як гурӯҳи ифротӣ аст, ки шибҳнизомиёни тоҷик дар Покистон ва Афғонистонро мутаҳҳид мекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ансоруллоҳро ба феҳристи сиёҳи аҳзоб ва созмонҳои террористӣ афзуда ва фаъолияти ин гурӯҳро батаври расмӣ дар кишвар мамнуъ эълом кардааст.