Туркия паҳподҳои "Байрактар"-ро ба Тоҷикистон таҳвил надодааст
(last modified Sat, 30 Apr 2022 03:47:37 GMT )
Апрел 30, 2022 08:47 Asia/Dushanbe
  • Туркия паҳподҳои

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, Туркия паҳподҳои "Байрактар"-ро ба Тоҷикистон таҳвил надодааст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид шудааст, ки суханони Ҷеенбек Кулубоев, гузинаи ҷадиди мақоми вазорати умури хориҷаи Қирғизистон мабнӣ бар таҳвили теъдоде паҳподи "Байрактар"аз сӯи давлати Туркия ба Тоҷикистон нодуруст аст.

Ду рӯз қабл Ҷеенбек Кулубоев, ки барои гирифтани раъйи эътимоди Маҷлиси Қирғизистон ба унвони вазири ҷадиди умури хориҷа ба ин ниҳод рафта буд, аз таҳвили теъдоде паҳподи "Байрактар" аз сӯи давлати Туркия ба Тоҷикистон хабар дод.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муътақид аст, ки мақомоти Тоҷикистону Туркия дар ин замина ҳеҷ тавофуқномае имзо накарданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Қирғизистон дар соли 2021 аз Туркия теъдоде паҳподи "Байрактар" харидорӣ карда буд.