Сӯхт ва орду гандум бештарин маҳсулоти воридотии Тоҷикистон
Май 05, 2022 09:33 Asia/Dushanbe
Сӯхт, орд ва гандум бештарин маҳсули воридотии Тоҷикистон таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, таи ин муддат Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар маҳсул ворид кардааст, ки 18 дарсади он сӯхт, орд ва гандум буд.
- Ҳамчунон Тоҷикистон таи се моҳи нахусти ҷорӣ 193 ҳазору 700 тонн сӯхт ба арзиши 154 миллион доллар ворид кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 1- шаш даҳум баробар бештар аст.
Дар ин муддат ба Тоҷикистон 203 ҳазор тонн гандум ба арзиши 60 миллион доллар ворид шудааст, ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушҳобеҳи соли гузашта 8 дарсад коҳиш доштааст.
Русия бо 28 даҳум дарсад, Чин бо 20 дарсад ва Қазоқистон бо 17 дарсад аз муҳимтарин содирот кунандагони маҳсулот таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон буданд.
Бештар бихонед:
Барчасп