Май 19, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Пешбини мешавад дар ин сафар бо мушорикати ҳайати тоҷирони Туркия ва  доираҳои тиҷории Тоҷиистон нишасти B2B (тиҷорат ба тиҷорат) баргузор хоҳад шуд
    Пешбини мешавад дар ин сафар бо мушорикати ҳайати тоҷирони Туркия ва доираҳои тиҷории Тоҷиистон нишасти B2B (тиҷорат ба тиҷорат) баргузор хоҳад шуд

Теъдоди зиёде аз тоҷирони Туркия ба Т оҷикистон сафар мекунанд.

Бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои тиҷории Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тоҷирон таҳти раёсатии муовини вазир санъат ва фановарии Туркия ба Душанбе сафар хоҳанд кард.

Ба гузориши Садои Хуросон , ин ҳайати 30 нафараи тоҷирони Туркия дар чорчӯби тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории дукишвар то 19-21 майи имсол ва ба раёсати Четин Алӣ Домез ва Ҳасан Бокдадӣ муовини вазири санъат ва фановарии Туркия аз Тоҷикистон    боздид мекунанд.

Пешбини мешавад дар ин сафар бо мушорикати ҳайати тоҷирони Туркия ва  доираҳои тиҷории Тоҷиистон нишасти B2B (тиҷорат ба тиҷорат) баргузор ва дар он фурсатҳои сармоягузорӣ, қонуни молиёт дар вироиши ҷадид, ва манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон, муарифӣ шаванд.

Ҳаёати тиҷории Туркия ҳамчунин аз нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак, ширкати "Алиминюми Тоҷик" " Афтамотик окео Авесто"  " Кокаколаи Тоҷикистон"  " Чунтои Данғара"  "Майдони пахта дар Данғара" Саноъати Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, боздид мекунанд. 

Бештар бихонед:

Барчасп