Дидори вазири тоҷик бо мудири Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират
(last modified Wed, 15 Jun 2022 08:41:35 GMT )
Июн 15, 2022 13:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири тоҷик бо мудири Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва мудири Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар дидори Ширин Амонзода ва Кристина Транка дар бораи кумаки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба Тоҷикистон дар замининаи интиқоли сокинони ин кишвар аз манотиқи осебпазир аз офатҳои табиӣ ба маҳалҳои эмин, авзоъи паноҳндагони афғонистонӣ дар дохили Тоҷикистон ва зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба онон баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин роҷеъ ба кумаки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба Тоҷикистон, барои роҳандозии сомонаи воҳиди иттилоърасонӣ дар бораи муҳоҷирон, баргузории давраҳои донишафзоӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷик қабл аз эъзом ба хориҷ ва ҳимояти ҳуқуқӣ аз ин афрод тавофуқ шуд.