Коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 21 Jun 2022 06:55:29 GMT )
Июн 21, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз коҳиши воридоти орд ба ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, воридоти орд ба Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл 12,5 дарсад коҳиш ёфта, ки мӯҷиби гарон шудани қимати ин маҳсӯли муҳими ғизоӣ, гардидааст.

Ҳамчунин тавлиди орд дар дохили Тоҷикистон аз ҳисоби гандуми воридотӣ аз Қазоқистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 38 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, тайи 5 моҳи соли ҷорӣ 330 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 102 миллиону 200 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки аз нигоҳи вазн коҳиши беш аз 8 дарсадиро нишон медиҳад. Аммо қимати ин миқдор гандуми воридотӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Далели коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон маҳдӯдияти содирот аз Қазоқистон унвон мешавад, ки кишвари таъминкунандаи орд ва гандуми Тоҷикистон мебошад.

Акнӯн қимати ҳар халта орди 50 килоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 385 сомонӣ (муодили 35 доллар) аст.