Пешниҳоди шадидтар кардани муҷозоти паҳнкунандагони хабарҳои бардурӯғ дар бораи артиши Тоҷикистон
Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонун дар бораи муҷозоти афроде, ки дар бораи артиш хабарҳои бардурӯғ нашр мекунанд, ба порлумон фиристодаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо истинод ба сомонаи Авесто, дар сурати тасвиби ин тарҳ дар порлумони Тоҷикистон афроде, ки ба паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи Артиши миллии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, аз 10 то 15 шабонарӯз боздошт ва ё муҷозот мешаванд ва ё маҳкум ба пардохти 1260 то 16000 сомонӣ чаримаи молӣ мешаванд.
Ҳадаф аз шадид кардани муҷозоти ин афрод ҷилавгирӣ аз бадном кардани артиши Тоҷикистон ва ҳайати шахсии он аст.
Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон бар ин назаранд, ки бархе аз кормандони расонаҳои хабарӣ қасдан дар бораи артиш хабарҳои бардурӯғ мунташир мекунанд, ки ин амр боиси коҳиши боварии мардум ба нерӯҳои мусаллаҳ ва заъиф шудани иқтидори дифоии кишвар мешавад.