Июл 30, 2022 13:34 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи роҳи оҳани Тоҷикистон қимати билети қатори Душанбе - Волгаградро аз 1400 то 1500 сомонӣ эълом кард
    Сухангуи роҳи оҳани Тоҷикистон қимати билети қатори Душанбе - Волгаградро аз 1400 то 1500 сомонӣ эълом кард

Ҳаракати қаторҳо дар масири Тоҷикистон - Русия аз 16 август аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, роҳи оҳани  Русия дар баёнияе эълом кард ки  қатор дар масири Кулоб - Волгаград - Кулоб ҳаракат мекунад.

Бар асоси иттилоияи роҳи оҳани Русия  барномаи ҳаракати қаторҳо дар масири рафт ва баргашти Душанбе - Волгаград низ аз сар гирфта шуд.

Анвари Латифзода, сухангӯи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам гуфт:  Ин тасмим дар сафари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба Русия  ва дидор вай бо раиси роҳи оҳани Русия иттихоз шудааст.

Ӯ афзуд: Ҳамчунин, қаторҳо аз Хуҷанд ва Волгаград дар рӯзҳои чаҳоршанбе ва аз Волгаград шанбеҳо- ба мақсади Хуҷанд ҳаракат мекунад.

Сухангуи роҳи оҳани Тоҷикистон қимати билети қатори Душанбе - Волгаградро аз 1400 то 1500 сомонӣ эълом кард.

Ҳаракати қаторҳо байни Тоҷикистон ва Русия аз 17-уми марти 2020 ба далели вируси Короно мутавақиф шуд.

 

Барчасп