Тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ бо ҳадафи коҳиши асароти вуқуъи ҳаводиси табиъӣ
Август 17, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ дар ҳоли густариши ҳамкорӣ дар заминаи коҳиши асароти вуқуъи ҳаводиси табиӣ ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамкорӣ дар заминаи коҳиши асари вуқуъи ҳаводиси табиӣ ва ироаи кумакҳои аввалия ба осебдидагон дар дидори Рустам Назарзода-раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо ҳайати кумитаи омӯзишу беҳдошти Кореяи ҷанубӣ ба раёсати Монг Сби Сим баҳсу баррасӣ шуд .
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин ҷаласа гузорише аз вазъияти феълии фаъолиятҳои ниҳоди зермаҷмӯъаи худ ироа кард.
Ҳамчунин тарафайн дар ин нишаст аз ҳамкории созандаи Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ дар заминаи коҳиши хатари балоҳои табиӣ ибрози ризоят карданд .