Сафари ҳайате аз аъзои гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе
(last modified 2022-08-22T05:38:54+00:00 )
Август 22, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Дар ин сафар Эҳсони  Арконӣ, Ҳусайни Эмомирод ва  Ҳусайни Муҳаммадсолеҳи Доронӣ Раҳими Ҷаҳонободиро ҳамроҳи мекунанд
    Дар ин сафар Эҳсони Арконӣ, Ҳусайни Эмомирод ва Ҳусайни Муҳаммадсолеҳи Доронӣ Раҳими Ҷаҳонободиро ҳамроҳи мекунанд

Ҳайате аз азои гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе эъзом шуданд.

Ба гузориши Садои  Хуросон, Ҷалили Раҳимии Ҷаҳонободи раиси гурӯҳи ҳайати дӯстии парплумони Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Тоҷикистон бино ба даъвати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси ҳайате аз азои гурӯҳи дӯстии парлумони кишварамон Теҳронро ба мақсади Душанбе тарк кард.

Гурӯҳи дӯстии парлумони кишварамон қарор аст тайи ин сафар бо мақомоти парлумонӣ ва давлатии Тоҷикистон ва эрониёни муқими кишвари Тоҷикистон дидор ва  дар хусуси густариши сатҳи муносиботи парлумони  миёни Маҷолиси дукишвар ва тасҳил ва тасриъ мавриди алоқаи тарафайн гуфтугӯ ва табодули назар кунад.

Дар ин сафар Эҳсони  Арконӣ, Ҳусайни Эмомирод ва  Ҳусайни Муҳаммадсолеҳи Доронӣ аз аъзои камисиюни барнома ва будҷа ва муҳосибот, омӯзиш, таҳқиқот ва фанноварӣ, умури дохилии кишвар ва шӯроҳо ва гурӯҳи дӯстии парлумини Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Тоҷикистон, Раҳими Ҷаҳонободиро дар ин сафар ҳамроҳи мекунанд.

Барчасп