Ифтитоҳи мактабҳои русӣ тавассути раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия
(last modified Fri, 02 Sep 2022 13:30:50 GMT )
Сентябр 02, 2022 18:30 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи мактабҳои русӣ тавассути раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамзамон 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ба сурати маҷозӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ҳамзамон бо ибтидои соли таҳсилӣ ифтитоҳ шуданд.

Дар ибтидои ин маросим Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон ва Сергей Кравтсов, вазири омӯзиши Русия иттилоотеро дар мавриди ин муассисоти омӯзишии ҷадид ироа карданд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия низ дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобит байни ду кишвар бавижа дар мавриди асарбахшии ҳамкориҳо дар заминаи илму омӯзиш суханронӣ карданд.

Русия барои сохти ин 5 мактаб 150 миллиондоллар ҳазина кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 39 мактаби русӣ бо 27 ҳазор донишомӯз дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд.