Сохти 400 автобус дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия
Сентябр 26, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
400 автобуси сохт корхонаи муштараки Туркияу Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Душанбе хадамотрасонӣ хоҳанд кард.
Масъулони ширкати "AKIA" эълом карданд, ки 400 автобуси тавлиди муштараки Туркияву Тоҷикистон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе хадамотрасонӣ хоҳанд кард. Сулаймон Туноли, масъули ширкати «AKIA» дар шаҳри Душанбе гуфт, ин 400 автобус, ки бо сармоягузории муштараки Туркияву Тоҷикистон тавлид шудаанд, хадамоти ҳамлу нақли дарунишаҳриро ба мардуми Душанбе ироа медиҳанд.
Вай ҳамчунин афзуд, Туркия соли 2017 ҳудуди 200 автобус барои Тоҷикистон тавлид кард ва дар соли 2018 санги бинои ин ширкат дар Душанбе гузошта шуд.
Барчасп