Афзоиши арзиши табодулоти тиҷории хориҷии минтақаи Суғд
Октябр 13, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
Арзиши табодулоти тиҷории хориҷии минтақаи Суғд аз январ то сентябри имсол ҳудуди 2.3 миллиард доллар будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 43 дарсад афзоиш ёфтааст . Арзиши воридот низ да 9 моҳи имсол муодили 1. 5 миллиард доллар буда, ки ин мизон ҳудӯди 314 миллион доллар ё 26 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл аст . Арзиши содироти маҳсӯлоти ин минтақа ҳам дар ин муддат 793 миллион доллар баровард шуда, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 378 миллион доллар бештар аст .
Барчасп