Октябр 19, 2022 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои беҳдоштӣ-меҳвари дидори мақомоти тоҷику рус

Сафири Тоҷикистон ва вазири тандрустии Русия бо якдигар дидор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мулоқоти Давлатшоҳ Гулмуродзода бо Михаил Мурошко вазъият ва чашмандози ҳамкории ду кишвар дар заминаи беҳдоштӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Ба вижа ду тараф дар хусӯси эҷоди ширкати тавлиди дору дар хоки Тоҷикистон табодули назар карданд.
Баргузории давраҳои омӯзишӣ барои афзоиши дониши касбии мутахассисони ҳавзаи беҳдошту дармон ва афзоиши саҳмияи донишҷӯёни тоҷик дар донишкадаҳои олии пизишкии Русия аз мавзӯъоти дигари матраҳшуда дар дидор буд .

 

Барчасп