Баргузории панҷумин нишасти Камиссиони ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ
Панҷумин нишасти Камиссиони байни давлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул баргузор шуд.
Панҷумин даври нишасти Камиссиони байни давлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ таҳти раёсати вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва муовини вазири умӯри хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.
Ба гузориши Форс, дар ин нишаст аз тарафи Корея ба хотири сармоягузорӣ дар иқтисоди миллӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳои дар авлавият барои сармоягузорӣ дар 5 соли оянда ва таъсиси намояндагии доими Ожонси ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар ин кишвар қдрдонӣ ва дархост шуд то дар шароити душвори иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯзи ҷаҳон сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш дода барои иҷрои пружаҳо дар заминаҳои авлавиятдор иқтисоди миллӣ, аз ҷумлаи саноат, энержӣ, ҳамлу нақл, беҳдошт, кишоварзӣ, иқтисоди диҷитал, тағйири иқлим, гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва омода кардани мутахассисон дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ кумак кунад.
Илова бар ин, аз Кореяи Ҷанубӣ дархост шуд, ки бо таваҷҷӯҳ ба патансиали густардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла маводи хоми фаровон, нерӯи кори рақобатпазир ва «энержии сабз»-и арзон барои таъсиси бунгоҳҳои тавлиди худрав ва таҷҳизоти электрикӣ, батарей,маҳсулоти доруӣ, пардозиши алёфи панба ва чарму пашм, маҳсӯлоти кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши моҳӣ мусоидат кунад.
Ду тараф дар мавриди афзоиши чашмгири тиҷорату сармоягузории дуҷониба бо имзои 4 мувофиқатнома байни мақомоти зирабти Тоҷикистону Караҷи Ҷанубӣ ба тавофуқ расиданд.
Бештар бихонед: