Барои аввалин бор муомилоти биржаи Маскав бо пули миллии Тоҷикистон оғоз шуд
Барои аввалин бор аз 31 октябри соли ҷорӣ мубодилоти биржаи Маскав бо пули миллии Тоҷикистон-сомонӣ оғоз шуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими тавсеаи тиҷорату сармоягузорӣ байни ду кишвар маҳсуб мешавад .
Хеле аз расонаҳои хабарии русӣ дар ин бора иттилоъ доданд .
Биржаи Маскав-яке аз бузургтарин биржаҳои ҷаҳон ба ҳисоб меояд ва арзаи пули миллии сомонӣ дар гардиши онро нишонаи муваффақияти ҷадиди иқтисоди Тоҷикистон медонанд .
Ҳамон тавр, ки таҳлилгарон пеш аз ин баён карданд беш аз 57 дарсад аз муомилаҳо дар тиҷорати мутақобил бо пули миллии Русия ва Тоҷикистон анҷом мешавад .
Акнун пулҳои рубл ва сомонӣ муомилотро дар бузургтарин биржаи Русия оғоз кардаанд, ки бо ҳадафи имкони тавсеаи ҳамкориҳои молӣ ва табодули коло дар ҷумҳурӣ аст .