Ноябр 08, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллал
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллал

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Анотнио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дидору гуфтугу карданд.

Дар таърихи 8 ноябр Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи бистуҳафтумин нишасти конфронси аъзои конвенсияи қолаби Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди тағироти иқлими (COP-27) бо Анотнио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор мавзуъоти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози ризоят аз сатҳи кунунии ҳамкори байни тарафайн омодагии Тоҷикистонро бапрои идома ва густариши бештари равобити судманд бо созмон ва ниҳодҳои он эълом кард.

Таъкид шуд ки имсол 30 сол аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милал аст ва кишвари мо дар ин муддат ба дастовардҳои чашмгир дар масири рушди пойдор ва таҳкими пояҳои кишвардори даст ёфта аст.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси иҷрои ҳадафҳои рушди пойдор, рафъи хатарот ва таҳдидоти мадерн, таъмини арзишҳои волои инсонӣ, муқовимати муассир дар баробари хатарот ва таҳдидоти мадерн баҳсу табодули назар карданд, мавзуъи марбут ба вазъияти Афғонистон ва таъсири он бар минтақа низ мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Дар идомаи ин гуфтугу тарафайн дар хусуси ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон дар ростои рафъи камбуди оби ошомиданӣ, тағироти иқлимӣ, об шудани пиряхҳо ва дигар талошҳои арзишманди Тоҷикистон табодули назар карданд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар пешравии калидии Тоҷикистон ва раиси он дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ба вижа мушкилоти марбут ба об ва масоили амнияти таъкид кард.

 

Барчасп