Рӯзи Президент ва ҷашни сиюмин соли баргузории иҷлоси 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified 2022-11-16T16:05:55+00:00 )
Ноябр 16, 2022 21:05 Asia/Dushanbe
  • Шонздаҳумин иҷлоси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Шонздаҳумин иҷлоси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе - Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди иҷлоси шонздаҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Дар поёни қарни бистум ҷумҳуриҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ бо тағйироти сиёсӣ мувоҷеҳ шуданд, ки дар натиҷаи он давлати қудратманд фурӯ пошид ва кишварҳои сотсиалистӣ мустақил шуданду истиқлоли худро эълом карданд.

Тоҷикистон ба ҳамроҳи дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ дар 9 сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълом кард ва ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохта шуд. Дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ ин интиқол ба роҳатӣ ва бидуни ҳеҷ гуна даргирӣ ва ба равиши музокира анҷом шуд. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон натавонист роҳе барои гуфтугӯи сиёсӣ пайдо кунад ва бо даргириҳои шадиди сиёсӣ мувоҷеҳ шуд. Ин даргирӣ боиси ҷанги дохилӣ дар кишвар шуду вайрониҳои зиёде ба бор овард.

Шонздаҳумин иҷлоси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг дар Тоҷикистон кори худро оғоз кард ва аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфт.

Интихоби раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими иҷлоси шонздаҳум талаққӣ шуд. Дар 19 ноябри соли 1992 ин мавзуъ мавриди баҳс қарор гирифт ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов раиси собиқи вилояти Кӯлоб барои симати раёсати Шӯрои олӣ муаррифӣ шуд. Аз маҷмуи 222 намояндаи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 197 намоянда дар ҷаласаи шонздаҳум ширкат карданд. Аз ин теъдод 186 намояндаи Шӯрои олӣ ба номзади мазкур раъйи мусбат доданд ва Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро ба унвони раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.

 

Барчасп