Русияву Тоҷикистон сомонаи дифои ҳавоии муштарак эҷод мекунанд
Сафири Русия дар Душанбе эълом кард, дар ҳоле ки авзоъи минтақа рӯз ба рӯз нооромтар мешавад, эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии минтақаии муштарак миёни Русияву Тоҷикистон амри зарурӣ аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Симеон Григорев-сафири Русия дар Душанбе ин изҳоротро дар ҷараёни тақдими эътиборномааш ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон матраҳ кард.
Вай дар нахустин мусоҳибааш бо хабаргузории ТАСС гуфт : Чаҳорчӯби қарордоди эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак тавассути Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мавҷуд аст. Кишварҳои мо мувофиқанд, ки ин ҳамкорӣ ба хотири авзоъи минтақа ва ташдиди танишҳои минтақаӣ лозим ва зарурӣ аст .
Григорев афзуд : Ин сомонаи дифои ҳавоии Русия - Тоҷикистон таҳти назорати вазоратхонаҳои дифои ҳар ду кишвар эҷод хоҳад шуд.
Генерал Юрий Герхов-муовини раиси кумитаи ҳамоҳангии дифои ҳавоӣ таҳти шӯрои вузарои дифои ИДМ дар апрели соли ҷорӣ гуфта буд пешнависи феҳристи мақомоти низомӣ ва марокизи фармондиҳии қисмҳо ва ташкилоти низомӣ ихтисос дода шуда ба ин сомонаи дифои ҳавоии минтақаии муштараки Русия - Тоҷикистон таҳия шуда ва дар марҳалаи таъйид дар идораи дифои ҳавои минтақаи низомии марказии Русия қарор дорад то вориди марҳалаи иҷроии тавофуқи марбут ба ин сомонаҳо шавад .
Русияву Тоҷикистон декабри 2021 тавофуқеро дар робита бо эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак имзо карданд . Бо тавваҷуҳ ба инки Русияву Тоҷикистон марзи муштарак надоранд, тарафҳои ин тавофуқ як минтақаи амниятии муштараки ҷудогонаро дар минтақа дар дохили марзҳои ҳарими ҳавоӣ ва заминии Тоҷикистон таъйин хоҳанд кард.
Бештар бихонед :