Ноябр 24, 2022 20:16 Asia/Dushanbe
  • Азми Аргентина барои сохти нерӯгоҳҳои барқи обии кучаку миёна дар Тоҷикистон

Аргентина мехоҳад нерӯгоҳҳои барқи обии кучаку миёна дар Тоҷикистон бунёд кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Лиополдо Франсиско-сафири нави Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард .
Дар ҷараёни ин мулоқот пешниҳодоти молӣ барои сохти нерӯгоҳҳои барқи обии кучаку мутавассити ​​дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои пружаҳои давлатии авлавиятдор дар бахши энержӣ дар ин кишвар бо истифода аз сармояи Ҷумҳурии Аргентина мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидор тарафайн дар хусӯси густариши ҳамкориҳои тиҷории дуҷониба аз ҷумла афзоиши ҷараёни тиҷорати хориҷӣ, ҷазби сармояи бештари Аргентина ба иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои саноъатии муштарак бо истифода аз фанноварии пешрафтаи Аргентина ба вижа дар манотиқи озоди иқтисодӣ ва эҷоди ҳамкорӣ дар хусӯси иҷрои тарҳҳои “ иқтисоди сабз ” баҳсу табодули назар карданд .
Дар поёни ин дидор тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманду иҷрои мавзӯъоти мавриди баҳс эълом карданд.
 

 

Барчасп